18-уми август, ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иди касбии кормандони соҳаи тиб бо шаҳомати хос ва арҷгузорӣ ба бузургдошти пири табибони машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино таҷлил карда мешавад.

18-уми август, ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иди касбии кормандони соҳаи тиб бо шаҳомати хос ва арҷгузорӣ ба бузургдошти пири табибони машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино таҷлил карда мешавад.
Табибон тавонбахшу таъминкунандаи ҳаёти солими мардум буда, дар ин ҷодаи пуршараф бо заҳмату талоши зиёд ба халқу диёри хеш хизмат менамоянд ва бо ин шарафи ҷовидона азизи дилу дидаи мардум мебошанд.

Шифохонаи марказии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ соли 1962-юм бунёд гардида буд ва бо дастури бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ пурра навсозӣ гардида, ба талаботи замони муосир мутобиқ карда шуд.

Шифохона барои табобату муолиҷаи ҳайати шахсӣ ва хизматчиёну аскарони Қӯшунҳои сарҳадӣ махсус гардонда шудааст ва имконияти табобати тамоми бемориҳоро дорад.
Бино аз 4 ошёна иборат аст ва дар он шуъбаҳои қабули беморон, ҷарроҳӣ, бемориҳои дарунӣ, рӯҳ ва асаб, эҳёгарӣ ва мадҳушкунӣ, табобати дандон, ташхисгоҳ, озмоишгоҳи клиникӣ-биокимиёвӣ, вирусологӣ, утоқҳои рентген, ташхиси ултрасадо, кардиологӣ, амрози дарунӣ ва физотерапевтӣ мавҷуд мебошад.

Дар Шифохонаи марказии ҳарбӣ ҳамчунин дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳаи тиб, аз ҷумла дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, оксигенераторҳо, дастгоҳи махсуси тиббӣ барои тоза кардани роҳи нафаси беморон, дастгоҳи барқии санҷиши кори дил, санҷиши системаи асаб, дастгоҳи эндоскопӣ, кардиомонитор ва дигар таҷҳизот, ки истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи дунёст ва дар рафти амалиёти ҷарроҳӣ ва эҳёгарӣ босамар истифода мешаванд, васлу насб карда шудааст.

Дар маҷмуъ, дар Шифохонаи марказии ҳарбӣ 350 кати хоб мавҷуд аст, ки барои бистарӣ ва табобати беморон шароити зарурӣ фароҳам мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз шароити муҳайёшуда ва корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки дар ҳифзи марзу буми кишвар шабонарӯз заҳмат мекашанд ва амнияту суботи ҷомеаро таъмин менамоянд, Ҳукумати кишвар баҳри беҳдошти саломатии далерони шуҷои Ватан чунин шароити ташхису табобатро муҳайё кардааст.

Ҳадаф аз навсозӣ ва бо дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ муҷаҳҳаз гардонидани Шифохонаи марказии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ хизматрасонии сатҳи баланди тиббӣ, ки ба меъёрҳои байналмилалии беҳдошт ҷавобгӯ аст, иборат мебошад.

Соли ҷорӣ бо дарназардошти вазъи эпидемиявии ҷаҳони муосир дар шифохона барои муолиҷаи гирифторони бемории сироятӣ боз як бинои нав сохта ба истифода супорида шуд. Бинои нави дуошёнаи бемориҳои сироятӣ аз 43 ҳуҷра ва 70 кати хоб иборат буда, бо дастгоҳу таҷҳизоти навтарини тиббӣ таъмин гардидааст, ки пурра ба меъёрҳои замони муосир ҷавобгӯ мебошад.

Дар шифохонаи мазкур 6 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ мавҷуд аст, ки барои сари вақт интиқол додани беморон пешбинӣ гардидааст. Дар маҷмуъ, дар Шифохонаи марказии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ 75 нафар фаъолият менамоянд, ки аксари онҳо мутахассисони баландихтисоси соҳаи тиб мебошанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои табобати афсарону сарбозон ва оилаҳои онҳо, ки ба табобат ва ёрии тиббӣ эҳтиёҷ доранд, супоришҳои қатъӣ доданд.

Прапоршики калон Сабзалиева Парвина

Facebook
Twitter
LinkedIn
Email
Чоп кардан

Хабарҳои дигар