
Марзи давлатӣ дар радифи арзишҳои миллӣ, забон, таърих, фарҳанг ва дигар муқад дасоти миллӣ аз ҷумлаи муҳимтарин унсурҳои соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии давлат мебошад.
Бинобар ин, яке аз масъалаҳои муҳимтарине, ки дар назди давлати мо ҳанӯз дар оғози ба даст овардани истиқлол қарор дошт, таъсис додани сохторҳои марзбон буд.
Вале айнан дар ҳамон айём кишвари мо ба гирдоби мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.
Вобаста ба ин, хотиррасон менамоям, ки яке аз сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрван дӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин набудани ҳимояи сарҳади давлатӣ ба шумор мерафт.
Бо мақсади ҳарчи зудтар ба роҳ мондани ҳифзи сарҳадоти кишвар моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ қарори дахлдор қабул гардид, ки дар асоси он дар назди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бригадаи махсуси марзбонӣ ташкил ва баъди чанд муддат бо қарори раёсати Шӯрои Олӣ дар ҳайати кумитаи зикршуда Раёсати ҳифзи сарҳад таъсис дода шуд.