Мактаби ҷавонмардӣ


Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад.
Дастгирию ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати беҳдошти шароити моддӣ-маишии афсарону сарбозони Артиши миллӣ шаҳодати арҷгузорӣ ба ин нерӯи тавоно ва кафили суботу оромӣ дар кишвар мебошад.

Артиши миллии кишвар дар тӯли мавҷудияти худ дар таҳкими суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ нақши назаррас дорад.
Дар замони Истиқлолият садҳо адад бино ва иншоотҳои маъмурию хизматрасонии қисму воҳидҳои Артиши миллӣ бунёд ва аз навсозӣ гардида, барои беҳдошти фаъолияти хизматӣ, истироҳату фароғат ва вазъи моддӣ-маишӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуданд.

Афсарону сарбозони далери Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба савганди ҳарбӣ ҳамеша содиқ буда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо намуда истодаанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз сафарбар месозанд.

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки санаи 23 декабри соли 2022 ироа гардид, ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, Пешвои миллат чунин изҳор доштанд:
“Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин риояи талаботи Оинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад.”

Бояд таъкид намуд, ки Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки дар рӯзҳои бисёр вазнину ҳассоси таърихи халқамон таъсис дода шудаанд, на танҳо барои ҳимояи истиқлоли давлатӣ, пойдории давлатдории миллӣ, ҳимояи марзҳои кишвар ва амнияти ҷомеа саҳми босазо гузоштаанд, балки нишонаи возеҳи истиқлоли давлати тоҷикон мебошанд.

Аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ, бо вуҷуди мавҷудияти мушкилоти иқтисодӣ-иҷтимоӣ, норасоии техникӣ, набудани шароити моддӣ-маишӣ ва иншоотҳои хизматрасонӣ, кормандони ин ниҳод тавонистанд масъулияти ба зимма доштаашонро бо сарбаландӣ иҷро намоянд.

Дар чунин як марҳилаи ҳассосу тақдирсоз, ки Тоҷикистони тозаистиқлол қадамҳои нахустини худро ба сӯи ҷомеаи навини демократӣ мегузошт, сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар баҳри пойдории суботу оромӣ, амнияти шаҳрвандон, ҳимояи марзу бум, инчунин якпорчагии Тоҷикистон талош намуда, бо садоқату самимият ва эътимоду боварӣ ба ояндаи дурахшон, ба Ватан ва давлату миллат содиқ монданд.

Маҳз бо талошу кӯшиш ва ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз як бригадаи аз лиҳози техникӣ ва ҳолати моддию маишӣ нокифоя, имрӯз ба як ниҳоди пурқудрат табдил ёфта, масъулияти ҳифзи сарҳад ва ҳимояи сокинони мамлакатро аз таҳдидҳои беруна бар дӯш доранд.

Имрӯз афсарону сарҳадбонони тоҷик дар нуқтаҳои гуногуни мамлакат, дар сарҳади Тоҷикистон бо давлатҳои Узбекистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин вазифаи пурифтихору бошарафи худро софдилона ба ҷой меоранд.

Қайд кардан бомаврид аст, ки дар қисматҳои асосии сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ки хатари сарҳадшиканӣ ва убур кардани гурӯҳҳои нашъаҷаллоб бештар ба назар мерасад, сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ бо ҳушёрию зиракии хоса содиқона хизмат менамоянд.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таҳдиду хатарҳое дучор гардидааст, ки наметавон аз оқибати он сарфи назар намуд. Терроризм ва экстремизм аз зуҳуроти номатлуб ва хатари ҷиддие ба ҳисоб меравад, ки сокинони сайёраро ба ташвиш оварда, дар як қатор кишварҳои дунё боиси нооромӣ ва ҷангу харобиҳои даҳшатовар мегардад.

Имрӯз ин сарзамини муқаддас, диёри биҳиштосо ва ин ватани аҷдодиро, ки тӯли асрҳо падарону бобоёни мо дар он кору зиндагӣ карда, беҳтарин шахсиятҳои арзандаи миллати тоҷикро ба воя расониданд, танҳо бо ҳисси баланди миллатдӯстиву меҳанпарастӣ ва ифтихори давлатдорӣ метавон ободу зебо намуд.

Фаъолияти шабонарӯзӣ ва шуҷоату қаҳрамонии сарбозони Ватан дар роҳи таҳкими суботу оромӣ, ҳимояи марзу бум, устувор гардонидани сулҳу осоиш ва оромии ҷомеа ҳамчун намунаи олии садоқат ба Ватан ва давлату миллат назаррас мебошад.

Бояд таъкид намуд, ки робита ва ҳамкориҳои судманд дар миёни сохторҳои қудратии кишвар имкон медиҳанд, ки мо кафолати тинҷиву оромӣ ва осудаҳолии мардумро таъмин намуда, дар мубориза бо ҷинояткорӣ барои ҳимояи Ватани азизамон дар муттаҳидӣ якҷоя фаъолият намоем.

Ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқат ба ин сарзамин аст, ки муҳофизони марзу бум дар сармову сардиҳои зимистон ва шароити душвору роҳҳои мушкилгузари кӯҳӣ матонату устуворӣ нишон дода, Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро содиқона ҳифз менамоянд.

Полковник Хушвахт Кишваршо Султон


Facebook
Twitter
LinkedIn
Email
Чоп кардан

Хабарҳои дигар