Масъалаи тарбия аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази диққати роҳбарият қарор дошта, ҳадафи асосии корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дар Қӯшунҳои сарҳадӣ ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, таъмини интизоми ҳарбӣ ва баланд бардоштани эътибори ин ниҳод мебошад.
Барои беҳбуди ин самт, китобҳо ва барномаҳои тарбиявӣ, аз ҷумла “Ташаккули тарбияи ватандӯстӣ” ва маҷаллаи “Марзбон” таҳия гардидаанд. Инчунин, дар бораи корнамоиву қаҳрамонии сарҳадбонон мақолаҳои зиёде нашр шудаанд.
Риояи қатъии қонун, интизоми ҳарбӣ ва рушди малакаи касбии ҳайати шахсӣ зери назари афсарони корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ қарор дорад. Ҳайати Қӯшунҳои сарҳадӣ бо ҳисси баланди миллӣ ва содиқона ба ҳифзи сарҳади давлатӣ машғуланд.
Дар се даҳсолаи охир, ҳангоми ҳифзи марзу бум ва мубориза бо таҳдидҳо даҳҳо сарҳадбонон ҷони худро нисор намудаанд. Афсарону сарбозони шуҷоъ бо рутбаҳо ва мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шудаанд. Ҳамчунин, зиёда аз 1194 манзили хизматӣ сохта шудааст.
Имрӯз афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва амнияти кишвар нақши назаррас доранд. Таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ниҳод ва қаҳрамониҳои сарҳадбонон дар таъмини амният ва суботи кишвар намунаи ибрат аст.
Бо фарорасии 30-солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ, ҳайати шахсӣ ва собиқадоронро табрик намуда, барояшон саломатӣ ва комёбиҳо таманно дорем.
Генерал-майор Назарзода Турабек Камол